Курсҳои муштараки сарҳадбонони ҶТ ва ҶИА
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш курсҳои оид ба расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ барои кормандони пулиси сарҳадии Афғонистон ва қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон анҷом ёфтанд. Курсҳо дар ҳошияи лоиҳаи Маркази Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ҷиҳати афзун намудани нерӯи сохторҳои зикршуда ба манзури ҷилавгирии сарҳадшиканӣ доир гардиданд. Дар ин бора аз Маркази Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар курсҳо усулҳои расонидани ёрӣ ба шахсони маъюбу захмишударо омӯхтанд. Машғулият ба онҳо имкон медиҳад, ки донишҳои назариявӣ ва малакаҳои худро ҷиҳати расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ такмил диҳанд.Маркази Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо соли 2013 низ чунин курсҳоро барои таҳсили афсарони ҳар ду кишвар роҳандозӣ мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






