Курсҳои таълимии мутахассисони чех дар «Тоҷикстандрт»
Душанбе, 26 ноябр.(АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- Имрӯз, 26 ноябр гуруҳи мутахассисон-лекторҳои сатҳи байналмилалӣ дар Агентии «Тоҷикстандарт» барои аудиторони системаи менеҷменти сифат курси таълимӣ мегузаронанд.Шунавандагон аз ҳисоби мутахассисони «Тоҷикстандарт» ва зерсохторҳои он буда, муддати даҳ рӯз дарсҳои амалии банақшагирӣ, таҳия ва идораи ҳуҷҷатгузориҳо, омода намудани нақшаи аудит ва гузаронидани онро меомӯзанд.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти «Тоҷикстандарт» хабар доданд, чорабинии мазкур бо дастгирии техникии Барномаи GIZ «Дастгирии ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» дар Тоҷикистон доир мешавад.Дар ҷараёни бозомӯзӣ баррасии масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъдаи «Тоҷикстандарт» бо корхонаи давлатии «Институти сохтмони техникӣ ва ташхисии Прага» дар бобати аз байн бурдани монеаҳои техникӣ дар савдо, роҳҳои ҷорӣ намудан ва сертификатсиякунонии системаҳои байналмилалии идора дар корхонаҳои ватанӣ низ баррасӣ мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






