Лоиҳаи санади асосии молиявии кишвар дар парлумон
Душанбе, 7 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Кумитаҳои марбутаи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон – Маҷлиси намояндагон ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» шуруъ намуданд, ки аз сўи Ҳукумати мамлакат ба парлумон ироа шудааст. Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013-ум 12,1 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2012 –ум 2 миллиард сомонӣ зиёд аст. Буҷети давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2013 хусусияти иҷтимоӣ дошта, беш аз нисфи он 6, 4 миллиард сомонӣ ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардидааст. Интизор меравад, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» баъд аз муҳокимарониҳо дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар, нимаи дуюми моҳи ноябр дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва қабул гардад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






