Лоиҳаи Созишнома омода карда шуд
Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). – Рӯзҳои 31 октябр ва 1 ноябри соли ҷорӣ дар бинои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Вазорати энергетикаи Федератсияи Русия, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтушунид оид ба омода намудани лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи ворид намудани маҳсулоти нафтӣ аз Федератсияи Русия ба ҶТ баргузор гардид.Ҷонибҳо дар айни замон лоиҳаи Созишномаро омода намуда , онро ба ҳукуматҳои ҳарду ҷониб барои мувофиқа пешниҳод намуданд. Ёдовар мешавем, ки Ёддошти тафоҳум оид ба воридоти маҳсулоти нафтӣ байни Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Федератсияи Русия 5 октябри соли 2012 ба имзо расида буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






