Манбаи тайёр кардани мутахассисон

Ноябрь 7, 2012 09:34

Шаҳринав, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- «Тибқи барномаи махсус бо маблағи 6 миллиону 466 ҳазор сомонӣ мо тамоми хобгоҳ, биноҳои таълимиро таъмиру таҷдид хоҳем кард», иброз дошт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори омўзишгоҳи касбию техникии рақами 11-и ба номи Чўтак Урозови ноҳияи Шаҳринав Шамсиддин Алиев. Омўзишгоҳи мазкур ҳанўз соли 1936 ба фаъолият шуруъ карда, дар тарбияи мутахассисони хоҷагии қишлоқ саҳми арзанда дорад. Ҳоло омўзишгоҳ аз рўи ихтисосҳои тракторчӣ, дўзанда, ҳисобчӣ, барқчӣ ва дигар касбҳо мутахассис тайёр менамояд. Ҳамчунин дар ин ҷо курсҳои кўтоҳмуддати омўзиши компютер амал менамоянд. Омўзишгоҳ дорои 46 гектар замини обӣ буда, ин заминҳо пурсамар истифода мешаванд.

Ноябрь 7, 2012 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард