Маросими варзишӣ дар Куала — Лумпур

Ноябрь 28, 2012 17:04

Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – 29 ноябр дар пойтахти Малайзия шаҳри Куала – Лумпур маросими супурдани мукофотҳои Конфедератсияи футболи Осиё баргузор мегардад. Дар ин маросим ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Валерий Турсунов иштирок намуда, бозингарони беҳтарини Осиё дар соли 2012 номбар карда мешаванд. Барои гирифтани унвони футболбози беҳтарин Ли Кюн Хо аз Куриёи Ҷанубӣ, Муҳаммадалӣ Каримӣ аз Эрон ва Чжи Чжэн аз Чин иддао доранд.Дарвозабони дастаи «Фулҳем» Марк Швартсер, ниммуҳофизи дастаи «Манчестер Юнайтед» Синдзи Кагава ва муҳофизи дастаи «Интер» Юто Нагатомо барои гирифтани унвони футболбози беҳтарини сол мубориза мебаранд.Дар ин маросим ғолибони унвонҳои дигар, аз ҷумла, «бозингари беҳтарини ҷавон», «довари беҳтарин», «довари беҳтарини мададгор», «мураббии беҳтарин», «дастаи мунтахаби беҳтарин» ва ғайра эълон карда мешавад.Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Ноябрь 28, 2012 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш