Марши тантанавӣ бахшида ба рӯзи милитсия

Ноябрь 9, 2012 17:23

Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Субҳи имрӯз бахшида ба Иди касбии кормандони милитсия дар майдони 800-солагии Маскави шаҳри Душанбе бо иштироки бахшҳои сафорои мақомоти корҳои дохилӣ, Қӯшунҳои дохилӣ, Академияи ВКД, ротаи зудамали махсуси милитсия, РБДА, дастаи таъиноти махсуси милитсия, взводи савора, техника ва нақлиёти махсуси бахшҳои алоҳидаи мақомоти корҳои дохилӣ марши тантанавӣ доир гардид. Ҷараёни марши тантанавиро вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов ва ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилӣ назорат намуданд. вазири корҳои дохилӣ аз иқтидори техникӣ, ҳолати омодабошии ҷангӣ ва ҳамаҷонибаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, махсус зикр намуд, ки имрӯз ин сохтори қудратии мамлакат омода аст, то ҳама гуна қувваҳои ҷиноятиро маҳв ва безарар гардонида, аз иҷрои ҳама амру супоришҳо бо сарбаландӣ барояд.Вазири корҳои дохилӣ инчунин аз боғчаи кӯдаконаи «Табассум»-и назди Вазорати корҳои дохилӣ низ дидан намуда, бо масъулини боғча ҳамсуҳбат гардид ва ба онҳо дар руҳияи ватандустиву ифтихори миллӣ тарбият намудани кӯдаконро тавсия дод.Дар боғча барои тарбиягирандагон тамоми шароити маишиву таълимӣ фароҳам оварда шуда, ошхона ва хонаҳои дарсии боғча аз таъмири замонавӣ бароварда шуданд.Тарбиятгирандагон низ ҳамчун ҳомиёни ояндаи низому тартибот бо барномаи махсус кормандони милитсияро табрик гуфтанд.

Ноябрь 9, 2012 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад