Машқҳои зиддитеррористӣ
Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 7 ноябр дар дараи Ромит машқҳои муштараки зиддитеррористии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону Қазоқистон оғоз ёфтанд. Мувофиқи хабари сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев, дар машқҳо беш аз 100 нафар хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томи тайиноти махсуси қувваҳои мусаллаҳи ҳар ду кишвар иштирок дошта, дар онҳо намудҳои мухталифи аслиҳаи сабук ва лавозимоти ҷангӣ истифода мешавад. Дар ҷараёни машқҳо беш аз даҳ унсури безараргардонӣ ва нест намудани террористони шартӣ такмил дода, усулҳои ягонаи ҳалли вазъияти бӯҳрономез ва таъмини амнияти минтақа муайян карда мешавад.Машқҳо таҳти роҳбарии муовини фармондеҳи қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Тоҳир Хайруллоев сурат гирифта ва то 18 ноябр давом мекунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






