Машварат оид ба Кодекси нави андоз

Ноябрь 12, 2012 17:32

Кӯлоб, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ф. Маҳмадаминов).- 8- ноябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи ҳукумати шаҳри Кулоб машварати кормандони Кумитаи андоз оид ба Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар машварат намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ширкат варзид. Намояндагон дар машварат оид ба Кодекси нави андоз , ки аз 50 боб ва 329 модда иборат аст, ибрози акида намуданд. Дар машварат оид ба пардохти андози моликияти хусусию давлатӣ сухан рафт. Дар охир ба ширкаткунандагон китоби Кодекси нави андози ҶТ тақдим гардид.

Ноябрь 12, 2012 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш