Муҳокимаи ҳуқуқи кӯдакон

Ноябрь 14, 2012 15:00

Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон 16 ноябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки муаллимони кафедраҳои журналистика ва намояндагони матбуот мизи мудаввар дар мавзӯи «ВАО ва ҳуқуқи кӯдакон» баргузор мегардад. Мақсад аз доир намудани семинар расонидани кӯмак ба кормандони касбии ВАО бо мақсади беҳтар дарк намудани масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи кӯдакон мебошад. Дар семинар роҳҳои ҳалли як қатор масоиле, ки имрӯз журналистон дар бахши эҳтиёҷоти кӯдакон дучори онҳо мегарданд, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.Тавре ки аз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иштирокдорони семинар бо ҷиҳатҳои асосии инъикоси мавзӯи ҳуқуқи кӯдакон дар ВАО, санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи кӯдакон ва вазифаҳои волидайну аъзои дигари ҷомеаро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон танзим менамоянд, муфассал шинос мешаванд. Лоиҳа бо мадади молиявии Намояндагии Бунёди кӯдакони СММ дар Тоҷикистон дар амал татбиқ мегардад.

Ноябрь 14, 2012 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад