Муҳокимаи масоили ҳамкории иқтисодӣ
Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – Бо ибтикори пажӯҳишгоҳи идора ва сиёсати давлатии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Интитути дипломатия ва маъмурияти оид ба ҳамкории иқтисодии Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар шаҳри Кобул симпозиум дар мавзӯи «Ҳамкории тиҷоратии байни Осиёи Марказӣ ва Афғонистон» баргузор гардид.Дар симпозиум доираи васеи мавзӯъҳо аз рӯи иқтисоди тиҷоратӣ, таҳлили сиёсати давлатӣ ва усулҳои стратегӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Иқтисоддони тоҷик, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров аз ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байни Афғонистон ва Тоҷикистон нақл кард.Симпозиум идомаи семинари даҳрӯзаест, ки дар Иссиқкӯл дар мавзӯи сиёсати тиҷоратӣ ва гуфтушунид барои 60 нафар хидматчиёни давлатии Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон ва Қирғизистон доир шуда буд.Дар ин бора аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






