Муҳокимаи масоили худкушӣ дар шимоли кишвар

Ноябрь 28, 2012 17:06

Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). – Бо ибтикори намояндагии IWPR дар Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи вилояти Суғд имрӯз, 28 ноябр, дар шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар дар мавзӯи «Худкушӣ байни ҷавонони вилояти Суғд : сабабҳо ва роҳи ҳалли ин қазия» баргузор мегардад. Фаъолони аҳли ҷамъияти шаҳри Хуҷанд, муҳофизони ҳуқуқ, намояндагони мақомоти давлатӣ, аҳли дин ва мақомоти тартибот масоили афзоиши худкушӣ байни ҷавонони вилоятро мавриди муҳокима қарор дода, барои коҳиш додани ин қазия тавсияҳо ироа мекунанд.Мизи мудаввар дар ҳошияи маъракаи «16 рӯзи зидди зӯроварӣ», ки ҳар сол аз 25 ноябр то 10 декабр баргузор мегардад, роҳандозӣ мешавад.

Ноябрь 28, 2012 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш