Муҳокимаи масоили мубрами захираҳои об
Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). – 31 октябр дар шаҳри Душанбе Конфронси илмию амалии байналмилалии «Масоили мубрами захираҳои об, гидроэнергетика ва экология» бахшида ба 10 – солагии таъсиси Институти масоили об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Роҳбари намояндагии Ҳамкории Русия дар Тоҷикистон Владислав Курнушко конфронсро оғоз намуда, аҳамияти фаъолияти институт барои иқтисоди ҷумҳурӣ ҷиҳати омӯхтани масоили таъминоти об ва истифодаи он, фаъолияти иншоотҳои обӣ ва таъсири сифати об ба муҳити зист, системаҳои экологии об ва вазъи саломатии аҳолии кишварро қайд намуд. Ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуҳаммад Одинаев, директори Институти масоили об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайналобиддин Кобулиев, доктори илмҳои техникӣ, профессор Малик Сатторов, номзади илмҳои ҷуғрофия Александр Финаев ва дигарон зимни суханрониашон ба проблемаи кӯли Сарез ва масоили марбут ба омилҳои обуҳавосанҷӣ ва ғайра таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






