Муҳокимаи масоили технологияҳо
Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Мутобиқи Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Тоҷикистон 1 ноябр дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон мизи мудаввари «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва масъалаи тарбияи мутахассисон» баргузор гардид. Дар муҳокимаи ин мавзӯъ олимони Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва донишкадаҳои дигари олии кишвар иштирок намуданд.Вазифаи асосии роҳандозии ин чорабинӣ иборат аз муайян намудани талабот ба мутахассисони варзидаи ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ буд. Иштирокдорони мизи мудаввар вазъият ва дурнамои рушди технологияҳо, ҳамчунин истифодаи технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ, техникаи комютерӣ барои афзоиши нерӯи иқтисодии кишвар ва ба ҷомеаи иттилоотии ҷаҳон ворид шудани Тоҷикистонро таҳлил намуданд.Дар анҷоми мизи мудаввар иштирокдорони он академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Зафар Усмоновро ба муносибати 75 — солагии зодрӯзаш муборакбод карда, ба ӯ тансиҳатӣ ва беҳбудӣ орзӯ намуданд.Хотирнишон месозем, ки доктори илмҳои физикаю математика, профессор, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Зафар Усмонов узви вобастаи Академияи табиатшиносии Русия буда, чун мутахассиси моҳири бахши риёзӣ берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ маъруфу машҳур аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






