Муҳокимаи натиҷаи гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ
Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш дар Вазорати ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон бо иштироки Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти пешакӣ барои муҳокимаи рӯзномаи гуфтушуниди пешорӯи байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон баргузор гардид. 28 ва 29 ноябр дар шаҳри Душанбе гуфтушуниди байниҳукуматии ҳар ду кишвар баргузор шуда, дар ҷараёни он масоили ҳамкории минбаъдаи молиявию техникии бахши рушду татбиқи лоиҳаҳои нав бо иштироки Олмон барои таҳким бахшидани нерӯи молиявию иқтисодӣ, энергетикӣ ва илмию таҳсилотии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор мегиранд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






