Муҳокимаи шаффофияти буҷаи Тоҷикистон
Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). – Бо ибтикори Иттиҳодияи ҷамъиятии «Маркази рушди шаҳрдорӣ» ва шӯъбаи Созмони байналмилалии Пажӯҳишгоҳи «Ҷомеаи кушода» дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Шаффофияти буҷа дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин бора аз намояндагии Пажӯҳишгоҳи «Ҷомеаи кушода» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Дар кори конфронс коршиносони Қирғизистону Гурҷистон ва намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти шаш шаҳру ноҳия, ҳамчунин намояндагони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии ноҳияҳои дигари кишвар ширкат доштанд. Конфронс омили баррасии масоили мухталиф аз ҷониби коршиносҳои кишварҳои гуногун гардид, ки мақсад аз он рушди шаффофияти буҷа дар Тоҷикистон мебошад.Дар татбиқи лоиҳаи мазкур Маркази технологияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Гурҷистон саҳм гузоштаанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






