Муаррифии фикру мулоҳизаҳои хотимавӣ
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова ). – Фикру мулоҳизаҳои хотимавӣ аз рӯи гузориши дуюми Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни Созишнома дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, ки онро Комиссияи ҳуқуқҳои кӯдаки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 бо дастгирии ЮНИСЕФ дарҷ намуда буд, манзури намояндагони вазоратҳои асосӣ, кумитаҳои давлатӣ, вакилони мардумӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гардонид.Дар ин бора аз ташкилоти ЮНИСЕФ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Назар ба хабари манбаъ, ЮНИСЕФ «Фикру мулоҳизаҳои хотимавӣ» — ро ба забони тоҷикӣ тарҷума карда, барои интишори он ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ кӯмак расонид.Иштирокдорони чорабинӣ бо мулоҳизаҳои хотимавӣ шинос шуда, тадбирҳои заруриро барои таҳияи гузориши оянда мутобиқ карданд.Хотирнишон месозем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви Созишнома дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак вазифадор аст, ки ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак мунтазам гузориш диҳад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






