Муаррифии китоби “Меъмори сулҳ” дар Қасри Люксембурги Фаронса

Ноябрь 30, 2012 19:14

28 ноябри соли 2012 дар ш.Париж дар яке аз толорҳои бошукӯҳи Қасри Люксембург, макони нишасти Сенати Фаронса, бо ташаббуси Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, дастгирии Гурӯҳи дӯстии “Фаронса-Осиёи Марказӣ”-и Сенати Фаронса ва Иттиҳодияи дӯстии “Фаронса-Тоҷикистон” муаррифии китоб таҳти унвони “Меъмори сулҳ” (“The Architect of Peace”, “L’Architecte de la Paix”), ки ба наздикӣ дар Брюссел ба забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ интишор гардид, баргузор шуд. Дар муаррифии китоби бахшида ба нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу ризоияти миллии давлати тоҷикон беш аз 100 нафар, аз ҷумла аъзоёни Сенат ва намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, дигар вазорату идораҳои Фаронса, иттиҳодияҳо, созмонҳо ва донишгоҳҳои гуногун, инчунин кормандони ВАО ширкат варзиданд.Дар оғози маҳфил Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев дар бораи мӯҳтавои бойи таърихӣ ва иттилоотии китоб, аҳамияти он барои мардуми фаронсавизабон кӯтоҳ маълумот дод. Дипломати тоҷик нақши сарнавиштсози Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ ва дунявӣ, дастрасӣ ба сулҳ, ваҳдат, субот ва шукуфоии кишвар, дар татбиқи ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ, пешбурду ҳимояи минбаъдаи манфиатҳои миллии ҷумҳурӣ тавассути пиёдасозии сиёсати “дарҳои кушода” таъкид намуд.Сипас Раиси Гурӯҳи дӯстии “Фаронса-Осиёи Марказӣ”-и Сенати Фаронса Андрэ Дюле, Раиси Иттиҳодияи дӯстии “Фаронса-Тоҷикистон” Анри Зиппер де Фабиани ва дигар иштирокдорон таассурот ва афкори хешро нисбати китоби хондашуда, дар бораи намунаи беназири давлати Тоҷикистон дар истиқрори сулҳу суботи устувор ва барқарорсозии зудтарини иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар изҳор доштанд.Зимни зиёфати ғайрирасмӣ ҳозирин доир ба китоби муаррифишуда табодули андеша намуданд. Дар хотимаи чорабинӣ ба ҳамаи ҳузурдоштагон китоби мазкур, инчунин маҷаллаи “The European Times” дар бораи Тоҷикистон ва китоб роҷеъ ба фарҳангу санъати ғаниву бостонии тоҷикон тақдим карда шуданд.

Ноябрь 30, 2012 19:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд