Мукокимаи рушди илми тибби муосир

Ноябрь 23, 2012 11:55

Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Имрӯз бахшида ба 80-солагии олими шинохтаи соҳаи тибб Юсуф Исҳоқӣ 60-умин конфронси солонаи илмию амалии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино дар мавзӯи «Ҷанбаҳои назарӣ ва амалии рушди илми тибби муосир» баргузор гардид.Дар конфронс аз шаш давлати хориҷӣ, чун Русия, Лаҳистон, Беларус, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 26 нафар олимони муътабар ширкат варзиданд.Чорабинии мазкур ду рӯз идома меёбад ва дар он 136 маърӯзаи илмӣ шунида мешавад. Маърӯзаҳои мазкур фарогири масъалаҳои муҳими бахши ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, тибби назарӣ, физиология ва оториноларинголия буда, зимни пешниҳоди онҳо мушкилоти дар ин самтҳо мавҷуд буда мавриди баррасии амиқу доманадор қарор хоҳанд гирифт. Рӯзномаи конфронс низ хеле гуногунҷанба буда, ба он масоиле, ки ба дурнамои рушди тибби асри ХХI робита доранд, ҳамчунин масъалаҳои мубрами тиббӣ, назарӣ, раванди татбиқи ёрии поллиативӣ дар таҳсилоти тиббӣ, иштибоҳи табибон ва роҳҳои бартараф намудани он, раванди рушди микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикӣ, дастовардҳо ва стратегияи рушди ҷароҳии дил дар мамлакат шомил мебошанд.

Ноябрь 23, 2012 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад