Мулоқот аз рӯи масъалаи прекурсорҳо
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар шаҳри Бишкек мулоқоти иттилоотии минтақавӣ аз рӯи масъалаи прекурсорҳо оғоз ёфт. Дар мулоқот кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Ирина Карпова ва Далер Сайфуллоев ширкат доранд. Мувофиқи хабари маркази матбуоти Агентӣ, иштирокдорони мулоқот масоили гардиши ғайриқонунуии прекурсорҳо ва табодули захоири иттилоотии ин бахшро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.Ин чорабинӣ ба манзури иҷрои қарорҳои ҳамоиши минтақавии гурӯҳи корӣ оид ба прекурсорҳо, ки 1 – 2 майи соли 2012 дар шаҳри Тошкент баргузор гардида буд, роҳандозӣ шудааст.Дар мулоқот ҳамчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон, Покистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






