Мулоқот бо фаъолони ноҳияи Ҳисор
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Чанде пеш роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони фаъоли ноҳияи Ҳисор мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот роҳбари намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон Виктор Себелев, роҳбари Хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев ва раиси намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР Асрор Одинаев ширкат доштанд. Тавре ки аз шӯъбаи робита бо аҳли ҷамъияти Хадамоти муҳоҷирати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Сафиалло Девонаев зимни суханрониаш ба масоили касбомӯзии муҳоҷирони тоҷик, сатҳи дониши забони русӣ ва ҷилавгирии ба муҳоҷират рафтани ноболиғон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуд. Сафиалло Девонаев зикр намуд, ки равандҳои муҳоҷират ба мубодилаи таҷриба, тарбияи кадрҳо ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти кишвар мусоидат мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






