Мулоқот бо роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ
Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- 21 ноябри соли равон бо иштироки намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзӣ, Ассотсиатсияи бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеии кишвар машварати корӣ баргузор гардид. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Бонки миллӣ иттилоъ доданд, дар он масъалаҳои рӯзмарраи низоми бонкии мамлакат, аз ҷумла татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, вазъи низоми бонкӣ, бозорҳои пулӣ ва коғазҳои қиматнок, андешидани тадбирҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҷаласа роҳбарони бонкҳо ва ташкилотҳо дар мавриди масъалаҳои ҳалталаби низоми бонкии кишвар ибрози назар намуда, пешниҳоду дархостҳои худро барои боз ҳам беҳтар кардани хизматрастониҳои бонкию молиявӣ изҳор доштанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






