Мулоқот дар ВКХ ҶТ
Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – 13 ноябр муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров ва Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт доираи васеи ҳамкории дуҷонибаи миёни Тоҷикистон ва ИМА – ро мавриди муҳокима қарор доданд.Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои бахши энергетика, нақлиёт, мубориза бо терроризми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва истиқрори сулҳу суботи Афғонистон баррасӣ шуданд.Ҷонибҳо ҳамчунин масоили ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалиро мавриди муҳокима қарор доданд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






