Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо Сафири Швейтсария

Ноябрь 2, 2012 11:56

Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – 1 ноябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Конфедератсияи Швейтсария дар Тоҷикистон Стефан Нелленро бинобар анҷом ёфтани фаъолияташ ба ҳузур пазируфт.Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва вазъи минтақаро мавриди муҳокима қарор доданд.Стефан Неллен ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон барои мусоидату дастгириаш дар амри иҷрои фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ кард. Дар анҷоми мулоқот вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Сафири Швейтсария дар фаъолияти минбаъдааш комрониҳо орзӯ намуд. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ноябрь 2, 2012 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад