Мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Ҷопон
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – 10 ноябр дар шаҳри Токио мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷопон бо сардории вазирони корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва Коичиро Дембо баргузор гардид.Ҳамрохон Зарифӣ дар оғози сӯҳбат ба ҳамтои ҷопониаш барои пазироии самимона ва ташкили хуби мулоқоти чоруми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ ва Ҷопон» изҳори миннатдорӣ намуд.Тарафайн масоили ҳамкории дуҷониба, ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, вазъияти минтақа баъди соли 2014 аз Афғонистон хориҷ шудани қӯшунҳои эътилофро мавриди муҳокима қарор доданд. Сарони ҳайатҳо ба татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ ҷиҳати бунёди роҳҳои мошингард ва қатора, афзун намудани квотаҳои донишҷӯёни Тоҷикистон барои таълиму таҳсил дар Ҷопон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.Ҷонибҳо ҳамчунин ба масоили таҳкими ҳифзи сарҳадоти байни Тлҷикистону Афғонистон дахл намуданд. Дар робита бо ин, вазири корҳои хориҷии Ҷопон изҳор намуд, ки барои таъмин бо воситаҳои техникии ҳифзи сарҳад кӯмаки зарурӣ хоҳад расонид. Мавсуф ҳамчунин қайд намуд, ки роҳбарияти Ҷопон аз ҷониби Тоҷикистон дастгирӣ шудани Ағонистонро ба дараҷаи баланд арзёбӣ мекунад.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






