Мулоқоти Э.Раҳмон бо Х. Алтер

Ноябрь 2, 2012 18:22

Душанбе, 2 ноябр (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои кантонҳои Парламенти Швейтсария Ханс Алтерро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории пурсамари Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ шуд.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки рӯзи 9-уми декабр аз оғози муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Швейтсария 20 сол пур мешавад. Тавре ки тазаккур дода шуд, дар ин муддат ду кишвари дӯст ҳамкории пурсамар ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла аз соли 1993 Швейтсария ба ҳайси роҳбари Гурӯҳи намояндагӣ дар сохторҳои байналмилалии молиявӣ манфиатҳои Тоҷикистонро дар шӯроҳои иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки таҷдид ва рушди Аврупо пуштибонӣ менамояд. Ғайр аз ин тавассути Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ, ки аз соли 1998 дар Тоҷикистон фаъолият дорад, бо харҷи 250 миллион доллари амрикоӣ лоиҳаҳои сершумори иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла барои рафъи камбизоатӣ, амалӣ гардидааст.Хотиррасон гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон бо маблағгузории грантии Швейтсария 30 лоиҳа дар соҳаҳои тандурустӣ, обтаъминкунӣ, энергетика ва таъмини волоияти қонун амалӣ мешавад.Тавре Ханс Алтер таъкид дошт, Швейтсария минбаъд ҳамкорию ҳамшарикиро бо Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти истифодабарии босамари захираҳои фаровони обию энергетикӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси ин ва дигар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар боз ҳам густариш медиҳад.Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба ҳамгироӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ноябрь 2, 2012 18:22

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд