Мулоқоти Э.Раҳмон бо М.Аҳмад
Душанбе, 5 ноябр (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори Департаменти Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) оид ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Масъуд Аҳмадро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории пурмаҳсули Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи байналмилалии молиявӣ баррасӣ шуд.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки сарфи назар аз вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳонӣ ва таъсири манфии мушкилоти минтақавӣ, Барномаи муштараки Тоҷикистону Хазинаи Байналмилалии Асъор дар доираи Механизми Васеи Қарзӣ бо муваффақият ба итмом расид.Аз нишондодҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли равон изҳори хушнудӣ карда шуд, зеро афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин муддат ба 7,5 фоиз ва таваррум ба 5,6 фоиз расидааст.Ҳамзамон бо ин ба таҳия ва қабули барномаи нав ва идомаи ҳамкории босамар ҳарду ҷониб изҳори ҳавасмандӣ карданд. Таъкид гардид, ки ҳамкории Тоҷикистон бо ХБА дар соҳаи макроиқтисодӣ, фискалӣ ва пулӣ, инчунин амалӣ намудани дигаргуниҳои сохтории пешбинишуда, ки ба рушди муътадили иқтисоди кишвар дар давраи мушкилоти афзояндаи ҷаҳонию минтақавӣ нигаронда шудаанд, бояд идома ёбад.Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба роҳҳои таъмини амнияти энергетикию озуқавории Тоҷикистон ва беҳсозии тадриҷии некуаҳволии мардуми кишвар ва ҳамчунин дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






