Мулоқоти Ф.Шарипов бо роҳбарияти «TEMSAN»

Ноябрь 9, 2012 16:19

Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов ва директори генералӣ, раиси Шӯрои директорони ширкати давлатии саноатии «TEMSAN» — и назди Вазорати энергетикаи Туркия Ҳилми Баштурк лоиҳаи Ёддошти ҳамфикрии байни Вазорати энергетика ва саноати ҶТ дар бораи ҳамкорӣ дар бахши гидроэнергетикаро мавриди муҳокима қарор доданд.Қобили зикр аст, ки ширкати «TEMSAN» соли 1977 бо қарори Шӯрои вазирони Туркия дар назди Вазорати энергетикаи ин кишвар таъсис ёфта, турбина, агрегат ва қисмҳои эҳтиётии нерӯгоҳҳои барқиро тавлид намуда, ҳамчунин ба таҷдиди нерӯгоҳҳоги барқӣ машғул аст. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот,. матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ноябрь 9, 2012 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад