Мулоқоти Ф.Шарипов бо соҳибкорони Туркия
Анқара, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Чанде пеш дар шаҳри Куния мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов бо роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои ин кишвар баргузор гардид. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия ба мухбири АМИТ»Ховар» хабар доданд.Ҷонибҳо зимни мулоқот, ки дар он намояндагони ширкатҳои сершумори Туркия иштирок доштанд, масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисодиёт, лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон, ҳамчунин бунёди корхонаҳои муштаракро мавриди муҳокима қарор доданд.Сафири Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқот пешниҳод намуд, ки ба манзури густариши кори судманди соҳибкорон ҳамоиши тоҷирони Тоҷикистону Туркия созмон дода шавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






