Мулоқоти геологҳо
Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода ). – Имрӯз, 2 ноябр, дар шаҳри Душанбе мулоқот бо намояндагони хадамоти геологии Амрико – таҳлилгари бахши арзёбии захираҳои минералӣ Марк Михалас ва заминшиноси соҳаи геохимияи изотопӣ Роберт Такёр, ҳамчунин мушовири масоили иқтисодии сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе Бенҷамин Гибсон баргузор гардид. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Сарраёсати геология ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории минбаъдаи дуҷониба дар бахши омӯзиши маъданҳои нодирро мавриди муҳокима қарор доданд.Марк Михалас зимни мулоқот зикр намуд, ки лоиҳа иборат аз 2 фасл буда, фасли аввали он омӯзиши конҳои маъдан, мониторинг, арзёбӣ ва дурнамои онҳоро дар назар дорад.Мувофиқи маълумоти манбаъ, вазифаи асосӣ иборат аз тарбияи мутахассисони моҳири маҳаллӣ барои омӯхтани конҳои маъдани нодир мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






