Мулоқоти М.Собиров бо А.Лиженков
Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – 21 ноябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров бо директори раёсати Котиботи Созмони Аҳдномаи Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Алексей Лиженков баргузор гардид. Маҳмудҷон Собиров намояндаи САҲА – ро даъват намуд, ки дастгирии барномаҳои ниҳодҳои бахши назорати сарҳадотро дар муборизаи зидди терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар идома диҳад.Алексей Лиженков дар навбати худ барои ҳамкории судманди Тоҷикистон бо САҲА изҳори миннатдорӣ карда, фикру мулоҳизаашро аз рӯи як қатор масоили мубрами бахши таъмини амнияти сарҳадот ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва терроризм дар Тоҷикистон баён намуд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






