Мулоқоти Н.Зоҳидов бо Ҷон Дэ – Ван
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – 21 ноябр муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов Сафири Ҷумҳурии Куриё дар Тоҷикистон Ҷон Дэ – Ванро ба ҳузур пазируфт.Дар ҷараёни сӯҳбат масоили вазъу дурнамои ҳамкории минбаъдаи дуҷонибаи Тоҷикистону Куриё дар бахши такмили заминаи ҳуқуқӣ, ташкили сафари намояндагони олимақом, ҳамчунин ҳамкории гуманитарию фарҳангӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






