Мулоқоти Н.Зоҳидов бо Ж.Якоб
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – 13 ноябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо раиси минтақавии Маркази аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хонум Жужанна Якоб баргузор гардид.Дар ҷараёни мулоқот муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҳамкории байни Тоҷикистон ва Созмони мазкур дар ҳошияи барномаи «Созишномаи дусола оид ба ҳамкорӣ» мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Жужанна Якоб зикр намуд, ки барои иштирок дар ҳамоиши «Хулосаи муштараки солона» ба Тоҷикистон омадааст. Ба фикри Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ин барнома воситаи намунавии ҳамкории байни Тоҷикистон ва созмони мазкур мебошад. Ҷонибҳо ҳамчунин масоили тандурустӣ ва ҷилавгирии бемориҳои сирояткунанда, аз қабили вараҷа, ВИЧ/СПИД ва бемории сил дар ҷумҳуриро муҳокима намуданд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






