Мулоқоти Р.Солиев бо И.Бокова
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО, сафир Рустамҷон Солиев ва раиси кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова дар шаҳри Париж масоили маориф ва илму фарҳангро мавриди муҳокима қарор доданд.Ҷонибҳо дар ҷараёни сӯҳбат доираи васеи масъалаҳои вазъи ҳозира ва дурнамои рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО – ро баррасӣ намуданд.Ирина Бокова тамоюли устувори равобити байни ЮНЕСКО ва Тоҷикистонро ба таври махсус қайд намуд. Мусоҳибон ҳамчунин ба мавзӯъҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО, аз ҷумла ба масъалаи ба санади дахлдори ЮНЕСКО ворид намудани иншоотҳои дорои хусусияти моддию ғайримоддии фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ба лоиҳаҳои дигари ҳамкорӣ дар бахшҳои илму техника дахл карданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






