Мулоқоти роҳбари ХБА бо рӯзноманигорон
Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).-Шоми дирӯз дар Бонки Миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он роҳбари Хазинаи Байналмилалии Асъор Ҷонатан Дан бо гурӯҳи мутахассисони худ ширкат варзид. Ёдовар мешавем , ки ин дуввумин ташрифи ӯ ба Тоҷикистон аст. «Ин ҳафтаи дуюм аст, ки гуруҳи мутахассисони мо бо намояндагони Бонки Миллии Тоҷикистон машварат доир намуда истодаанд. Дар ин муддат мо имкони нави муҳокимаи барномаҳои давлатиро ба роҳ мондем», -афзуд Ҷонатан Дан. Ҳамчунин қайд гардид, ки дар Тоҷикистон баъди буҳрони иқтисодӣ афзоиши молия паст гардид. Аз ҷумла, интиқоли маблағ, соҳаи саноат ва савдо коҳиш ёфтааст. Бояд гуфт, ки зимни ташрифи худ ба Тоҷикистон Ҷонатан Дан бо гуруҳи кории худ бо мақомоти расмӣ мулоқот намуда,якчанд масоили калидӣ, аз ҷумла таҳкими мусоидати молиявиро баррасӣ намуданд. Ӯ зикр кард, ки ХБА ният дорад, ки Тоҷикистонро ҳам дар идомаи расонидани кӯмаки техникӣ ва ҳам тавассути пешниҳоди захираҳои молиявӣ дастгирӣ намояд Бино ба маълумоти ХБА, афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли равон 6,8% ва дар соли оянда – 6%-ро ташкил хоҳад дод. Соли 2012 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолӣ ба 6% ва соли 2013 ба 8,1% баробар хоҳад шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






