Мулоқоти С.Наҷмиддинов бо Э.Ауэр

Ноябрь 8, 2012 16:22

Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – 7 ноябр таҳти раёсати вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддионов ва сафири Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ Эдуард Ауэр ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунанда оид ба арзёбии ҷараёни иҷрои шартҳои умумӣ ва махсуси созишномаи молиявии дастгирии буҷа бо Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Тавре ки аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа ҷараёни татбиқи ислоҳоти соҳавӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Ислоҳотро Иттиҳоди Аврупо дар чунин бахшҳо, аз қабили истифодаи маблағҳои давлатӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастгирӣ менамояд.Сафаралӣ Наҷмиддинов натиҷаи ҷаласаро ҷамъбаст карда, зикр намуд, ки ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо барои роҳандозии ислоҳот дар Тоҷикистон муфиду самарабахш аст.

Ноябрь 8, 2012 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд