Мулоқоти табибони Аврупову Осиё
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Имрӯз, 23 ноябр, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино конфронси 60 – уми илмию амалӣ дар мавзӯи «Асосҳои назариявию амалии инкишофи илми муосири тибб» баргузор мегардад.Дар кори конфронс 26 нафар олимони маъруфи тибби муосири Русия, Лаҳистон, Ҷумҳурии Беларус, Эрон, Афғонистон ва Ӯзбекистон ширкат менамоянд. Ба иштирокдорони конфронс 136 гузориши илмӣ бахшида ба масъалаҳои мубрами бахши ҷарроҳӣ, бемориҳои дохилӣ, тибби назиявӣ ва ғайра пешниҳод мегардад. Дар ҳошияи конфронс бахшида ба 70 – солагии ташкили кафедраи оториноларингология ва 50 – солагии озмоишгоҳи марказии илмию тадқиқотии Донишгоҳи давлатии тиббӣ ду ҷаласа баргузор мешавад. Қобили зикр аст, ки конфронс ба 80 – солагии яке аз олимони намоёни соҳаи тибб, узви вобастаи Академияи илмҳои тиббии Русия, Ходими шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Юсуф Исҳоқӣ бахшида мешавад. Профессор Юсуф Исҳоқӣ тайи 40 соли фаъолияти илмию педагогиаш ба рушди илми тибби муосири тоҷик ва тарбияи кадрҳои баландихтисос саҳми назаррас гузоштааст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






