Мусобиқаи гӯштии тарзи озод дар Кӯлоб
Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Бахшида ба 20 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-25 ноябри соли равон дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи кишварии гӯштии тарзи озод миёни наврасони солҳои таваллуди 1995-1997 сурат мегирад. Дар чорабинӣ ширкати ҳайати дастаҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе, Ваҳдат, Турсунзода ва Норак дар назар аст.Ҳамчунин аз 23 то 25 ноябри соли ҷорӣ дар Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқкаи кишварии кикбоксинг ва ориентал миёни варзишгарони аз 18- сола боло доир мегардад.Дар назар аст, ки дар мусобиқа варзишгарон аз вилоёти Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе, навоҳии тобеи марказ ва минтақаи Рашт қувваозмоӣ намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






