Мутахассисони амрикоӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). – Дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Хадамоти геологии ИМА: Марк Михаласки, мутахассис захираҳои минералӣ, Роберт Такер, коршиноси геохимияи изотонҳо, Карин Рено-мутахассиси омӯзиши дистансионӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Б.Тибсон, мушовир оид ба масъалаҳои иқтисодии Сафорати ИМА дар Душанбе иштирок дошт.Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дутарафаро дар соҳаи омӯзиши унсурҳои камзамин ва ташкили базаи маълумоти ягонаро доир ба ин унсурҳо муҳокима намуданд.Тавре ки Марк Михаласки қайд намуд, лоиҳа аз ду марҳила иборат хоҳад буд. Дар марҳилаи аввал, ки барои 1 сол пешбинӣ шудааст, омӯзишу баҳодиҳии конҳои мавҷуда гузаронида мешавад.Лоиҳа ҳамчунин баландбардории савияи тахассусии мутахассиссони маҳаллиро дар соҳаи омӯзиши унсурҳои камзамин пешбинӣ менамояд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» ах хадамоти матбуоти Саридораи геология иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






