Нақшаи генералӣ ба ҳукумат ироа мегардад
Душанбе, 1 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Қабули Кодекси шаҳрсозӣ ба амалӣ шудани Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ягон таъсир намерасонад», мегўяд Абдувалӣ Комилов- раиси Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ. Мавсуф зикр кард, ки Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, ки таҳияи он аз ҷониби Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии «Гипрогор»-и шаҳри Маскав сурат мегирад, дар арафаи анҷомёбист ва рўзҳои наздик барои тасдиқ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод мешавад. Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дурнамои 30 соли минбаъдаи рушди пойтахтро дар бар мегирад. Раиси Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамзамон афзуд, ки қабули Кодекси шаҳрсозӣ ҷараёни корҳои сохтмониро дар якчанд соли оянда ба нақша гирифтааст, аз ин рў ба Нақшаи генералии пойтахт таъсир намегузорад. А. Комилов ҳамзамон афзуд: дар Нақшаи генералии шаҳр бобҳои алоҳида вуҷуд доранд, ки онҳо таъмини аҳолӣ бо нерўи барқ, об, роҳи фаъолияти нақлиёти шаҳрӣ ва дигар масоили марбут ба шабакаҳои муҳандисиро дар бар мегиранд. Он биноҳои баландошёнае, ки сохта мешаванд, ҳамаашон бо об таъмин мегарданд ва дар ин самт мушкилоте пеш нахоҳад омад. Бояд тазаккур дод, ки ҳафтаи гузашта палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Кодекси шаҳрсозиро баррасӣ ва қабул намуда буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






