Нақши Иҷлосияи XVI дар таҳкими давлатдории тоҷикон

Ноябрь 9, 2012 16:08

Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон симпозиуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории тоҷикон» баргузор гардид.Дар симпозиуми ҷумҳуриявӣ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон М.И. Илолов, академик Т. Назаров, Ф. Тоҳиров -мудири шуъбаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, К. Олимов -ноиби президенти Академияи илмҳо ва дигарон иштирок карданд. Академик М. Илолов зикр намуд ,ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи тақдирсоз буда, маҳз он моро аз беҳукуматӣ раҳоӣ до два рушди муҳими давлатдории тоҷикон ва қонунгузории он баъди ин иҷлосия оғоз ёфт. Муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон -ин тантанаи қонун бар қонунвайронкунӣ мебошад, таъкид гардид дар симпозиум.  

Ноябрь 9, 2012 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд