Нақши таърихии Иҷлосияи 16-ум дар эҳё ва рушди фарҳанги миллӣ
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). – Имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода конфронсияи илмию-назариӣ ба муносибати 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Нақши таърихии Иҷлосияи 16-ум дар эҳё ва рушди фарҳанги миллӣ» доир мегардад.
Конфронсро ректори Донишкада доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор А. Низомов ифтитоҳ менамояд. Доктори илмҳои фалсафа, муовини раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавононӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон М.У. Хидирова дар мавзӯи «Иҷлосияи 16-ум ва таҳкими пояи давлатдорӣ дар Тоҷикистон» ва профессор С. Холов «Иҷлосияи 16-ум Шӯрои Олӣ ва таҳкимбахши асосҳои ҳуқуқии сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сӯханрони мекунанд.
Дар поёни конфронс намоиши барномаи ҳунарии донишҷӯёни донишкада таҳти унвони «Тантанаи истиқлол» дар назар дошта шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






