Нақши зан дар нигаҳдории расму оини миллӣ

Ноябрь 21, 2012 15:51

Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Зарина Саидова).- Дирӯз дар Маркази илмию фарҳангии Русия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд.  Максад аз баргузории ин ҳамоиш ба роҳ мондани алоқаи фарҳангии шаҳрвандони руси Тоҷикистон бо Русия ва дигар кишварҳо, ҳамчунин баланд бардоштани нақши забони русӣ, барқарорсозии фарҳанги миллӣ, нақши занон дар омӯзиши насли ҷавон ва фарҳангу оини миллӣ аз ҷумлаи масоили дигари ин форум унвон шуд. Дар ҳамоиш вакилони парлумони Тоҷикистон, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, Созмони ҳамкории Тоҷикистону Русия дар Тоҷикистон, сафорати ФР дар ҶТ, Иттифиқи ҳамватанони ҷавони ҶТ, хатмкардагони донишгоҳҳои русӣ, зиёиён ва рӯзноманигорон иштирок карданд. Дар он зикр гардид, ки ҳифзу нигахдории анъанаҳои миллӣ метавонад барои рушди фарҳанги ҳар кишвар мусоидат намояд.

Ноябрь 21, 2012 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд