Нафақахӯр писарашро ба қатл расонд

Ноябрь 19, 2012 16:41

Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дирӯз аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ шаҳрванд Раҷаб Каримов, соли таваллудаш 1943, сокини кӯчаи .Фирдавсӣ, нафақахӯр, ҳамчун гумонбар дар расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ дастгир карда шуд.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, номбурда рӯзи 17 ноябри соли ҷорӣ дар хонаи истиқоматиаш дар ҳолати мастӣ бо писараш Муҳаммадяҳё Каримов, соли таваллудаш 1972 муноқиша намуда, ба воситаи корд як зарба ба қафаси синаи писараш задааст. Дар натиҷа писараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуда, пас аз 5-соат ба ҳалокат расидааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Ноябрь 19, 2012 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад