Нахустнамоиш дар Театри ҷавонон
Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Аз 14 то 16 ноябр дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи «Тӯҳфа аз муҳоҷират» баргузор мешавад. Муаллиф ва коргардони ин намоишнома Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Шодӣ Солеҳ мебошад.Намоишнома аз ҳаёти оилаи ҷавон ва дар муҳоҷирати меҳнатӣ дучори бемории сирояткунанда гардидани яке аз ҳамсарони он нақл мекунад. Нақшҳои асосиро ҳунарпешагони ҷавони театр Қамариддин Мирзоев ва Зарина Бадалова офаридаанд. Дар ин бора директори Театри давлатии ҷавонон Сайид Абдуллоев хабар дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






