Назарсанҷии «Бозтоб» дар пойтахт
Душанбе, 8 ноябр . (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ)- Имрӯз кормандони Маркази таҳқиқоти сотсиологии «Бозтоб» дар 20 нуқтаи сераҳолии шаҳри Душанбе ва ҷойҳои серодам оид ба вазъи воқеии хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе назарсанҷӣ анҷом медиҳанд. Тавре ки Раҷаби Мирзо, роҳбари Маркази «Бозтоб» гуфт, назарсанҷии мазкур бо дархости ҳукумати шаҳри Душанбе анҷом меёбад ва интизор меравад, ки пас аз натиҷагирӣ аз он бо назардошт ва мавқеи сокинони пойтахт арзиши роҳкиро тағйир ёбад. Ба гуфтаи манбаъ, ҳамчунин эҳтимол аст дар пайи ин назарпурсӣ дар хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии шаҳр тағйироти куллӣ сурат бигирад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






