Нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва пулӣ муътадиланд
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Раванди рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкии ҷумҳурӣ дар даҳ моҳи соли 2012 дар сатҳи нисбатан муътадил қарор дорад. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳаҷми ММД дар ин давра ба 28,8 млрд. сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 7,5 фоизро ташкил намуд. Рушди муътадил дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла гардиши савдои чакана 17,4 фоиз, хизматрасонӣ 13,1 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 10,2 фоиз ва маҳсулоти саноатӣ 9,9 фоиз ба қайд гирифта шуд. Сатҳи таваррум раванди муътадилро нигоҳ дошта, дар давраи баррасишаванда 6,1 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 банди фоизӣ кам мебошад. Таварруми ҳосилшуда асосан дар натиҷаи болоравии нархи хизматрасонии пулакӣ 9,6 фоиз, маҳсулоти хӯрокворӣ 5,7 фоиз ва маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 5,5 фоиз ба миён омад. Тибқи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-октябри соли равон сатҳи таварруми аслӣ 2,1 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,1 банди фоизӣ кам мебошад. Барои нигаҳдории сатҳи муътадили ҳаҷми пул дар муомилот ва паст гардидани фишорҳои таваррумӣ, дар давоми моҳҳои январ – октябри соли ҷорӣ фишангҳои монетарии Бонки миллии Тоҷикистон, аз қабили меъёри бозтамвид, меъёри захираҳои ҳатмӣ, ҷудо намудани қарзҳои пардохтпазирӣ, амалиёт дар бозори озод ва бозори асъор мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла, дар ин давра меъёри бозтамвил тадриҷан аз 9,8 то 6,5 фоизи солона паст карда шуд. Ҳамзамон, меъёри фоизи қарзҳое, ки барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ пешниҳод мешаванд, тағйир дода шуд. Меъёри захираҳои ҳатмӣ бо назардошти таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ, дастгирии бахши воқеии иқтисодиёт ва мусоидат ба рушди қарздиҳӣ 2,0 банди фоизӣ паст шуда, барои пасандозҳо бо пули миллӣ дар сатҳи 5,0 фоиз ва асъори хориҷӣ 7,0 фоизи солона муқаррар гардид. Ҳаҷми пулҳои захиравӣ, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии барномаи монетарӣ ба ҳисоб меравад, дар давраи ҳисоботӣ мунтазам афзоиш ёфта, то санаи 31 октябри соли ҷорӣ 4,3 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 19,0 фоиз зиёд мебошад. Афзоиши мазкур аз таҳкими рушди иқтисодиёт ва устувории низоми бонкӣ гувоҳӣ медиҳад. Дар ин давра нишондиҳандаҳои асосии сиёсати пулӣ ба монанди захираҳои софи байналмилалӣ, дороиҳои умумии хориҷӣ ва дороиҳои софи дохилӣ мунтазам афзоиш ёфта, дар моҳи октябри соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 мувофиқан 29,7 фоиз, 29,5 фоиз ва 68,4 фоиз афзуданд. Бонки миллии Тоҷикистон татбиқи сиёсати мутавозуни пулию қарзиро бо истифодаи босамари воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ давом дода, муътадилии ҳаҷми пул дар муомилот, устувории қурби пули миллӣ ва боздоштани болоравии сатҳи нархҳоро дар кишвар, ки омили муҳими рушди иқтисодиёт ва болоравии сатҳи некуаҳволии мардум ба ҳисоб меравад, дар доираи салоҳияти худ таъмин менамояд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






