Нишони «Олими беҳтарини сол»

Ноябрь 29, 2012 09:49

Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дастовардҳои олимони Пажуҳишгоҳи чорводорӣ сазовори Ҷоизаи ба номи академик С.У. Умаров ва нишони «Олими беҳтарини сол» дар соҳаи кишоварзӣ гардид,- иброз намуданд дар Академияи илмҳои кишоварзии ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба иттилои манбаъ, истифодаи қӯшқорҳои зотии аводи зотпарварии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор ва хоҷагии фермерии «Дилшод»-и ноҳияи Варзоб барои беҳтар намудани хусусиятҳои ирсӣ, сифати зот ва баланд шудани маҳсулнокии рамаҳои хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва фермерии ноҳияҳои Варзоб, Данғара, Роғун, Ҷалолиддини Румӣ, Ҳамадонӣ, хоҷагиҳои шахсии вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мусоидат намуд.Бо истифода аз роҳи дурагакунӣ вазни зиндаи барраҳои навзод як баробар зиёд гардид. Дар гуруҳҳои селексионии бузҳои ранги пашмашон гуногун рамаи бузҳои ранги пашмашон якхела ба даст оварда шуд.Бори аввал дар филиали Пажуҳишгоҳи чорводорӣ воқеъ дар вилояти Суғд дар масоҳати 530 га қитъаи таҷрибавӣ барои гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ оид ба бузпарварӣ таъсис дода шудааст.

Ноябрь 29, 2012 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд