Олими тоҷик узви Академияи забони арабӣ шуд

Ноябрь 20, 2012 10:34

Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ “Ховар”).-Тавре ки аз сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб хабар доданд, арабшиноси шинохтаи тоҷик, мудири кафедраи забони арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доктор Абдураҳмон Сулаймонов тибқи қарори Вазорати таълими олии Ҷумҳурии Мисри Араб ба ҳайси узви вобастаи Академияи забони арабӣ (қароргоҳ дар Қоҳира) тасдиқ шудааст.Шоистаи ёдоварист, ки доктор А. Сулаймонов аз минтақаи Осиёи Марказӣ то ин дам ягона олимест, ки барои хизматҳои шоёнаш дар соҳаи арабшиносӣ шарафи узвияти ин Академияи бонуфуз ва муътабари ҷаҳони арабро ноил шудааст.Раиси Академияи забони арабӣ доктор Ҳасан Маҳмуд аш-Шофеъӣ зимни табрикномаи худ аз узви вобаста доктор Абдураҳмон Сулаймонов барои иштирок дар конфронси илмии академия, ки моҳи марти соли оянда дар Қоҳира баргузор хоҳад шуд, даъват ба амал овардааст.

Ноябрь 20, 2012 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад