Омодагӣ ба зимистон
Рашт, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар», М.Ризвонов). – Муассисаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Рашт ба давраи зимистони солҳои 2012 – 2015 омода шудаанд. Дар ноҳия 16 нуқтаи фурӯши ангиштсанг, 8 нуқтаи фурӯши гази моеъ ташкил шуда, барои зимистонгузаронии муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳангу иҷтимоиёт 385 тонна ангиштсанг, 1141 метри мукааб ҳезум захира шудааст.Бино ба гуфти роҳбари дастгоҳи ноҳияи Рашт А. Камолов муассисаҳои мазкур пурра аз таъмир бароварда шуда, соҳаи маориф бо 56 адад ва муассисаҳои тандурустӣ бо 15 адад генераторҳои дизелӣ таъмин гардиданд ва онҳо дар ҳолатҳои набудани қувваи барқ аз ин дастгоҳҳо истифода хоҳанд кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






